Байни хондани ду хутба дар ҷумъа кадом дуо мехонанд?

0

# Савол

Дар намози ҷумъа пас аз хондани хутбаи аввал имом каме менишинаду сипас бархоста хутбаи дувумро мехонад. Баъзе бародарон дар вақти нишастани имом дуо мекунанду дастҳояшонро ба рӯяшон мемоланд. Лутфан бигӯед, ки ин ягон дуо дорад?

Байни хондани ду хутба дар ҷумъа чи гуна дуо мекунанд?

# Ҷавоб

Вақти нишастани имом дар байни ду хутба вақти иҷобат ва қабули дуо мебошад, дар ин вақт ҳар орзу ва матлабе, ки дар дил доред, аз Худо бихоҳед, умед аст, ки бароварда мешавад. Молидани дастҳо бар рӯй амри мустаҳаб ва аз урфу одати мардуми мусулмон аст.

Шӯрои уламо (1441)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст