Суоли шаръӣ – 7. Макрухоти намоз
Макруҳоти намоз
Суол:
Макруҳоти намоз кадомҳоянд?
Ҷавоб:
Намоз бузургтарин ва муҳимтарин ибодати дини ислом буда, дуюмин рукн (сутун)- и дини мубин аст.
Намоз ибодатест, ки ҳисоботи банда дар пешгоҳи Худованд аз он оғоз мегардад.
Намоз ба инсон фоидаҳои равонии зиёд ҳам дорад, зеро ба қалб ҷилову сафо бахшида рӯҳу равони касро болида месозад.
Ва ҳар ибодате дар худ фарзҳо, воҷибҳо, суннатҳо ва мустаҳаб (амалҳои хубу писандида) ва макрӯҳ (амалҳои нохуш, нописанд) дорад.
Барои инки намоз ба шакли шоиста ва беҳтару комилтар анҷом ёбад, бар шахси мусалмон зарур аст аз аҳкоми намоз, яъне аз фарҳову суннатҳо, аз мустаҳабҳо ва макруҳоти намоз пурра огоҳ бошад.
Барои дурӣ аз амалҳои макрӯҳ дар намоз инҷо он корҳоро номбар менамоем, то шахси намозгузор аз он парҳез намояд.
Амалҳои макруҳ дар намоз
1. Воҷибе аз воҷибҳои намозро тарк намудан; Масалан, аз имом пештар ба саҷда рафтан, пеш аз ӯ салом додан.
Монанди: аз имом пеш анҷом Паёмбар (с) оиди шахсе, ки ин амалро анҷом медиҳад бим дода фармудаанд:
أما يخشى الَّذي يرفَعُ رأسَهُ قبلَ الإمامِ راكعًا أو ساجدًا أن يحوِّلَ اللَّهُ رأسَهُ رأسَ حمارٍ أو صورتَهُ
صورةَ حمارٍ
«Оё шахсе, ки сарашро дар рукӯъ ва ё саҷда пеш аз имом мебардорад, наметарсад, ки Худованд сар ё чеҳраи ӯро ба монанди хар гардонад?».
(Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
2. Қасдан тарк намудани суннате аз суннатҳои намоз. Масаоан, нахондани сано (Субҳонакаллоҳума…)
3. Бе зарурат бозӣ намудан бо либоси бадан;
Ин ба он хотир аст, ки бозиву беҳудагӣ хушӯъро аз инсон дур мекунад.
Паёмбар (с) мардеро диданд, ки бо ришаш дар намоз бозӣ мекард, фармуданд:
لو خشعَ قلبُه لخشعَتْ جوارِحُهُ
«Агар қалби ӯ хушӯъ (оромиш) медошт, ҳатман аъзои баданаш ҳам хушӯъ менамуд».
(Ривояти Тирмизӣ ва Абушайба).
4. Тӯлонитар хондани ракати дуюм аз ракати якум зиёда аз се оят;
5. Қироат бар хилофи тартибе, ки дар Қуръон нозил шудааст. Масалан, агар инсон дар ракати якум баъди сураи фотиҳа сураи Ихлосро тиловат намояду дар ракати дуюм баъди сураи фотиҳа сураи Масадро тиловат намояд.
6. Қироат намудани як сура дар ду ракати намоз баъди сураи фотиҳа дар намозҳои фарзӣ. Инчунин дар намозҳои нофила, агар онро қасдан анҷом диҳад, аммо қасдан набошад, боке надорад;
7. Аз ҳадди эътидол баланд ё пас кардани сар дар ҳолати рукӯъ;
8. Дур намудани сангреза, хас ва ё ҳар чизи дигар аз саҷдагоҳ зиёда аз як маротиба (агар намоз дар роҳ, саҳро ва ба монанди ин ҷойҳо гузорида шавад);
9. Ангуштон дасту пойро дар намоз шикастан (чарақ – чарақ кардан). Ҳатто баъзе донишмандон ин амалро дар интизории намоз ва рафтан ба сӯи онро низ макрӯҳ гуфтаанд.
Паёмбар (с) ба ҳазрати Алӣ (р) фармуданд:
إنِّي أُحِبُّ لَك مَا أُحِبُّ لِنَفْسِي لَا تُفَرْقِعْ أَصَابِعَكَ وَأَنْتَ تُصَلِّي
«Он чизеро, ки барои худ дӯст медорам, барои тӯ низ дӯст медорам. Дар ҳолати намоз хондан ангӯштонатро машикан (чарақ – чарақ макун)». (Ривояти ибни Моҷа).
10. Андохтани ангуштони як даст ба дасти дигар. Яъне, на ба шакли табиӣ, ки дасти рост болои дасти чап гузошта мешавад. Оиди ин амал Паёмбари Худо (с) ба ибни Умар (р) гуфтанд:
تلك صلاةُ المغضوبِ عليهم
«Ин намози шахсоне аст, ки Худованд бар онҳо ғазаб кардааст (яъне, онҳо амалеро анҷом медиҳанд, ки бо анҷом додани он дар намоз, тақдис ва бузургдошти Худованд анҷом намепазирад)».
11. Гардонидани рӯй ё гардан ба сӯи чапу рост ё боло. Аммо агар намозгузор бо зери чашм ягон тарафро нигоҳ кунад, макрӯҳ нест.
12. Хамёза кахидан ҳангоми намоз;
13. Пӯшонидани даҳон ё бинӣ бидуни зарурат, аммо агар бо зарурат бошад мисле, ки барои пешгирии баъзе бемориҳо ниқоб мепӯшанд, макрӯҳ нест.
14. Аз тарафи қибла ба дигар тараф гардонидани ангуштони пой ё даст;
15. Саҷда кардан бар дастори салла ва ё ҳар ончи монеъи растдани пешонӣ ба замин гардад;
16. Дар ҳолати саҷда дастони худро дар замин хобонидан (ба монанде, ки саг ҳангоми нишастан дастони худро то оринҷ дар замин мехобонад).
17. Ба сахтӣ нигоҳ доштани пешоб, ахлот ё бод.
Паёмбар (с) дар ин бора мефармояд:
لَا يَحِلُّ لِرَجُلٍ يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ أَنْ يُصَلِّيَ وَهُوَ حَاقِنٌ حَتَّى يَتَخَفَّفَ
«Ҷоиз нест (макрӯҳ аст) бар шахсе, ки ба Худо ва рӯзи охират имон дорад, пешоби худро (ба сахтӣ) нигоҳ дошта намоз гузорад.
18. Ҷавоб гуфтан ба саломи касе бо ишораи даст ё сар;
19. Пӯшидани чашмон. Ин ба ин иллат макрӯҳ аст, ки шахсе чашмонашро дар намоз мепӯшад, хобаш зуд ҷалб гардида хавфи ба замин афтоданаш аст. Паёмбар (с) дар ин бора гуфтааст: «إذا قام أحدكم في الصلاة فلا يغمض عينيه» (Ҳар вақто яке аз шумо дар намоз бар хест, чашмонашро напушад).
20. Дар дохили намоз сӯи осмон назар кардан;
21. Бидуни узр дар ташаҳҳуд чорозону нишастан;
22. Пӯшидани либоси суратдор.
Вақто, ки дар сурат чизи ҷондор нақш гардида бошад, аммо агар чизи ҷондор нақш нагардида бошад, макрӯҳ нест. Инчунин ҳангоми намоз хондан сурате, ки дар болои сар, аз тарафи росту чап, маҳали саҷда ва ё дар пеши намозгузор қарор дошта бошад. Агар сурате, ки дар он чизи ҷондор нақш гардида аст, дар зери фарш, сурате, ки нақшаш ниҳоят хурд аст, ба шакли нимсара ва монанди инҳо барои бузургдошту эҳтироми он сурат набошад, макрӯҳ нест;
23. Бидуни зарурат ба либосҳои корӣ (корҳои ҷисмонӣ) намоз хондан. Аммо барои нафароне, ки дар ҷойҳои кории худ бо либосҳои корӣ, гарчи дар он асари чангу хок ҳам бошад, макрӯҳ нест.
24. Гузоштани намоз дар маконҳои ҳафтгона, чунончи Паёмбар (с) фармудааст:
نهى أن يُصَلَّى في سبعةِ مواطِنَ: في المزْبَلة، والمَجْزَرة، والمَقْبرة، وقارعَةِ الطَّريق، وفي الحمَّام، وفي معاطِنِ الإبِل، وفوق ظَهْرِ بيت الله
«Паёмбари Худо (с) дар ҳафт макон намоз хонданро наҳй намудааст: дар партовгоҳ, қассобхона, қабристон, миёни роҳ, ҳаммом, ҷойи хоби шутурон ва болои каъба». (Ривояти ибни Моҷа ва Тирмизӣ).
САРЧАШМАҲО:
- Имом Муслим. Саҳеҳи Муслим.
- Имом Бухорӣ. Адабул муфрад.
- Имом Тирмизӣ. Сунани Тирмизӣ.
- Бурҳониддини Марғинонӣ. Ҳидоя.
- Ваҳбат Зуҳайлӣ. Фиқҳ-ул-ҳанафи-юл- муяссар.
- Шурунбулолӣ. Мароқ-ил-фалоҳ.
Суоли 7, Иброҳими Саиднуриддин, санаи ҷавоб: 11.06.2022.

