Маълумот дар бораи рӯзи Қиёмат

0

# Савол

Маълумот дар бораи рӯзи Қиёмат / рузи Киёмат.

# Ҷавоб

Панҷумин шарти имон бовар кардан ба рўзи охират мебошад. Аз дамидани нафхи сур то зинда шудани мурдагон, бархостани инсонҳо аз қабрҳояшон, додани дафтари аъмол, ҷамъ шудани онҳо дар майдони маҳшар, саволу ҷавоб шудани онҳо, тарозу, шафоъат, сирот, ҳавзи Кавсар, ҷаннат ва дўзах, ки махсус ба рӯзи охират мебошад, бояд яқинан бовар дошт. Ҷаҳони охират ба ҳаёти ҷовидон маънидод карда мешавад. Ҳақ таъоло ин дунё ва ҳамаи махлуқотро муваққатан офаридааст.

Қиёмат бо аввалин нафхи сури Исрофил (а) барпо шуда ва ҳамаи зиндаҳо мемиранд. Дунё ва ҳамаи мавҷудот пора-пора шуда, нест хоҳанд шуд. Бо дувумин дамидани сур ҳамаи махлуқот боз зинда шуда, ба майдони маҳшар ҷамъ хоҳанд шуд. Дар майдони ҳашр ҳамаи махлуқот аз кирдорашон дар пешгоҳи Худованд мӯй ба мӯй ҳисоб хоҳанд дод. Ҳар соҳиби ҳақ ҳаққи худро аз ноҳақ хоҳад гирифт. Баъд аз тамом шудани ҳисобу китоб некӯкорон ба ҷаннат ва бадкорон ба дӯзах хоҳанд рафт. Мӯъминон дар ҷаннат ба ҷамоли Илоҳӣ мушарраф хоҳанд шуд.

Шӯрои уламо (36)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)