#Савол
Вазифаҳои ҳуқуқи оилавӣ чандтоянд?
Аз Беном
#Ҷавоб
Дар моддаи 1-уми Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки вазифаҳои ҳуқуқи оилавӣ аз:
- боз ҳам мустаҳкам кардани оила, ки бо принсипҳои ахлоқии ҷамъият асос ёфтааст;
- дар асоси иттифоқи ихтиёрии никоҳи зану мард, ҳиссиёти аз ғаразҳои моддӣ озоди муҳаббати якдигар, дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигарии ҳамаи аъзоёни оила;
- барпо намудани фарзандон;
- ҳамаҷониба муҳофизат намудани манфиат ва меҳнати муфиди ҷамъиятӣ ва иштироки фаъолона дар ташкили давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ тарбия кардани фарзандон;
- ҳамаҷониба муҳофизат намудани манфиати модару кӯдак ва таъминоти ҳаёти хушбахтонаи ҳар як кӯдак;
- дар муносибатҳои оилавӣ қатъиян барҳам додани урфу одат ва расму оинҳои зараровари замони гузашта;
- парвариш намудани ҳисси баланди масъулиятнокӣ дар назди оила, иборат мебошад.