Маро ҳамчун зан қабул кард ман ӯро ҳамчун шавҳар, лекин никоҳ накардем.

0

# Савол

Мо як дигарро дӯст доштем. Вай маро ҳамчун зан қабул кард ман ӯро ҳамчун шавҳар, лекин никоҳ накардем. Ӯ бо ҳама чиз моро таъмин мекунад. Ман ҳам бе иҷозати ӯ ягон кор намекунам. Ӯ ба ман ҳаққи шавҳарӣ дорад?

Аз Беном

# Ҷавоб

Ассалому алайкум. Хоҳари азиз, никоҳ ва издивоҷ суннати ҳазрати Пайғамбар (с) аст ва ҳар гуна муносибати бидуни никоҳ дар байни марду зан амали номашруъ ва гуноҳ ба ҳисоб меравад.

Чунин муносибат дар байни шумо нораво ва сабаби наҳсию бебаракатӣ дар молу ҷону хонадон мегардад. Бинобар ин, бояд шумо бо якдигар ақди никоҳи шаръӣ анҷом дода, ҳамчун зану шавҳари ҳақиқӣ зиндагӣ кунед, дар ин сурат баракат хоҳед ёфт.

Шӯрои уламо (2724)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст