# Савол
Дар бораи рӯзаи нафл ва тарзи нияти он ба мо маълумот медодед.
# Ҷавоб
Рӯзаҳои нафлӣ бисёр аст ва ҳар яке фазилати ба худ хос дорад. Аз ҷумла рӯза гирифтан дар рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе, инчунин рӯзаи рӯзи Арафа (9-уми Зулҳиҷҷа) ва Ошӯро (10-уми Муҳаррам) савоб ва аҷри бештар дорад. Дар ҳолати рӯзаи нафл доштан ҳам то дамидани субҳи содиқ тановул кардан суннат аст. Тариқи нияти рӯзаи нафл чунин аст: Ният кардам рӯзаи нафл дорам аз субҳи содиқ то намози шом.
Ҷавоб аз Шӯрои уламо (1976)