Лоиқ Шералӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст?

0

# Савол

Лоиқ Шералӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст? Намунаи ашъори Лоиқ Шералӣ.

Лоик Шерали кай ва дар кучо таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст?Намунаи ашъори Лоик Шерали.

# Ҷавоб

Лоиқ Шералӣ 20-уми майи соли 1941 дар Мазори Шариф, ки яке аз деҳаҳои хушманзари ноҳияи Панҷакент аст, ба дунё омадааст. Дили пурэҳсоси ин шоири маҳбуб 30-юми июни соли 2000 дар Душанбе абадан аз тапиш монд.

# Намунаи ашъор

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният,
Ки рӯзи тӯй дида дар қади ман, бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният.
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!
Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,
Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,
Валекин боз медӯзӣ ту дастархони гулдӯзӣ,
Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ.
Чӣ дунёест дунёи умеди ту, аё модар, аё модар! >>

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)