Ипотекаи шаръӣ ҷоиз аст?

0

# Савол

Имрӯз як намуди ипотекаи шаръӣ пайдо шудааст, ки тибқи талаботи он бонк нахуст хонаро харида, ҳаққи худро болои он мемонад ва пасон онро ба муштарӣ мефурӯшад. Дидгоҳи шариат дар ин маврид чист?

# Ҷавоб

Ин навъи фурӯш дар истилоҳи фиқҳ “байъ бит-тақсит” ном дорад, яъне фурӯш ба тариқи ҳисса-ҳисса. Ин навъи фурӯшро фақеҳон иҷозат додаанд. (“Фиқҳи муомалот”, ҷ. 4, с. 104-105)

Шӯрои уламо (2589)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)