Дар мазҳаби ҳанафӣ осонкунандаи никоҳ мавҷуд ҳаст?

0

# Савол

Оё дар мазҳаби ҳанафӣ осонкунандаи никоҳ мавҷуд ҳаст? Масалан, як зан даъват мекунад, ки барои чанд моҳ бо ӯ никоҳ кунам. Агар ӯро дар ақд дароварам, оё дуруст аст?

Масалан, дар мазҳаби бародарони мо аҳли ташайюъ никоҳи мутъа аст ва дар равияи мамнуъ дар Тоҷикистон – салафия ҷиҳодунникоҳ ё ҷиҳодулливота муҷоз аст. Дар ҷиҳодунникоҳ чанд салафӣ дар як муддат метавонанд бо як хонум алоқаи ҷинсӣ дошта бошанд ё тибқи ривоёти салафия никоҳ бо маҳорим дар баъзе маврид қобили қабул аст.

Мехостам дидгоҳи мазҳаби ҳанафиро роҷеъ ба ақди никоҳ ва шартноами он бифаҳмам. Он зан мехоҳад, ки барои дурӣ аз гуноҳ бо ӯ никоҳ кунам ва барои як муддати номуайян бо ӯ робита дошта бошам. Фиқҳи ҳанафӣ чӣ назар дорад?

Дар мазхаби ханафи осонкунандаи никох мавчуд хаст?

# Ҷавоб

Пешниҳоди ин зан аз дидгоҳи фиқҳи ҳанафӣ мамнуъ ва ҳаром буда, як амали номашруъ ба ҳисоб меравад, фарқ надорад, ки кадом равия ин амалро ҷоиз медонад. Чунки ин амал бо ҳадиси Расули Худо (с) бар ин уммат то рӯзи қиёмат ҳаром гардонида шудааст. Аз ҳазрати Алӣ (р) ривоят аст, ки фармуд:

نَهَى رَسُولُ اللَّهِ -صلى الله عليه وسلم- عَنْ مُتْعَةِ النِّسَاءِ زَمَنَ خَيْبَرَ وَعَنْ لُحُومِ الْحُمُرِ الأَهْلِيَّةِ.

“Расули Худо (с) ҳангоми ҷанги Хайбар аз никоҳи мутъа бо занон ва аз хӯрдани гӯшти харҳои аҳлӣ манъ карданд”. (Ривояти Тирмизӣ).

Ин гуна никоҳҳое, ки шумо мисол овардаед, ҳам зино ва ҳам ноэҳтиромӣ нисбати муқаддасоти дини мубини Ислом маҳсуб мешаванд. Бинобар ин, бародари азиз, аз ин гуна амалҳо даст кашидан ибодат аст. Ҳар гурӯҳе аз номи дини Ислом ҳар сухане мегӯяд, маънояш ҳукми шариатро намегирад, балки дин соҳиб дорад, яъне Худову Паёмбар (с) ва соҳибони мазҳаб, ки мо ба онҳо пайравӣ мекунем. Агар бо касе никоҳ кардан хоҳӣ, барои ҳамеша никоҳ кун, на барои муддате, чунки никоҳ сабаби такмил шудани имон ва боиси эмин мондан аз гуноҳон аст, на ин ки инсон ба сабаби никоҳ худ муртакиби гуноҳ шавад. Худованд мову шуморо дар паноҳи исмати худаш нигоҳбон бошад.

Шӯрои уламо (461)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст