Шеър дар бораи рузи артиши милли (табрикот)

0

Рузи артиши милли, дар бораи артиши милли. 23 февраля рузи артиши милли, шеър дар бораи артиши милли. Рузи Куввахои мусаллахи Точикистон. Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон.

Муборак бод, ҷашни нурборат, Артиши миллӣ,
Муборак бод, авҷи ифтихорат, Артиши миллӣ.
Ба миллат, бо Ватан, бо амри Сарфармондеҳи Олӣ,
Муборак бод, аҳди устуворат, Артиши миллӣ.

РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!


Зикри дили ман ҳамеша номи ватан аст,
Авроди забони ман каломи ватан аст.
Ман восифи ишқи ватани маҳбубам,
Феҳристи китоби ман мароми ватан аст.

Шуморо бо фарорасии 31-юмин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб муборакбод гуфта, ба Шумову наздиконатон хонаободию тансиҳатӣ ва комёбиҳои беназир таманно менамоям.

Орзумандам, ки бо қадами мубораки 31-солагии Истиқлолияти кишвар роҳи пуршарафи ватансозону меҳанпарастони Тоҷикистони азиз, ҳар як фарди бонангу номус ва худшиносу худогоҳ равшантар гашта, рӯзгори халқи шарафманди диёр ҳамеша сарсабзу гулафшон боқӣ бимонад.
Рӯзи Артиши миллӣ муборак!

Бо самимият: Ном


ИШҚИ ВАТАН

Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам,
Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам.
Ватанро бинозам, маро дар канор,
Чу модар гирифту намуд бахтиёр.
Ватан ҷони ман ҳам ҷаҳони ман аст,
Ватан боғи ман ҳам бӯстони ман аст…
Ҳабиб ЮСУФӢ

РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ МУБОРАК!!!
ХАМВАТАНОН, ДӮСТОНИ АЗИЗУ АРҶМАНД!!! Шуморо бо рӯзи таъсиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун яке аз идҳои хеле муҳими кишвар табрик ва таҳният гуфта, ба Шумо дар ин рӯзи пурифтихор рӯзгори ободу сарбаландиҳо ва саодатмандию пирӯзиҳо таманно дорам.

Артиши Миллӣ дар хар давру замон чун кафолати рӯзгори осоишта ва зиндагии пурфароғати ҳар шаҳрванд аст. Бигзор Артиши Миллии мо низ ҳамеша чун рамзи саодатмандӣ ва қудратнокии мардуми шарифи Ватани азизамон боқӣ монад!
Ид муборак ҳамватанони азиз!

 

Шеър дар бораи рузи артиши милли (табрикот)
Шеър дар бораи рузи артиши милли (табрикот)

Эй гуфтугӯ! Биё, зи дифои Меҳан сухан кунем,
Эй ҷустуҷӯ, ҳамдам шав, оғози пайкори нав кунем.
Андеша пеш биё зи пайкори муосир бигӯй,
Қарни нав аст, тарки хаёли куҳан кунем.
п/п-к САТТОРОВ С.О

Дар ҳифзи Меҳан ҷон фидо хоҳем кард,
Қарзест ба мард варо адо хоҳем кард.
Гар душмани шатӣ бихезад бар сараш,
Ду пои варо зи тан ҷудо хоҳем кард.
п/п-к САТТОРОВ С.О

23-феврал Рузи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон мебошад.

Аз номи худ ва аз номи кулли кормандон бо фарорасии ин рӯзи муҳим ҳамаи ҳамдиёрон, дӯстону бародарон ва ҳамватанони гиромиқадрро табрику таҳният менамоем. Хонаи ҳамаи мову Шумо ҳамеша обод бошад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд. Бинобар ин мо бояд шукронаи истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему дар ободтар гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем.
Бори дигар ҳамватанони азиз! Ба муносибати фарорасии Рӯзи таъсисёбии Артиши Миллии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯем.


30 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Артиши Миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!


Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст