#Савол
Ҷонишин чи тавр ба ҷои сифат, исм ва шумора меояд? Маълумоти пурра дар бораи ҷонишин
Аз Лутфия
#Ҷавоб
Ҷонишин ҳиссаи мустақили нутқ буда, аломат, ашё ва миқдори онҳоро далолат мекунад, вале худи онҳоро номбар намекунад, вай ба ҷои исм, сифат ва шумора меояд. Чунончи:
Ба ҷойи исм: Мавлоно Ҷалолиддин танҳо бо тахаллуси «Балхӣ» эҷод накардааст. Ӯ бо лақаби «Румӣ» низ шӯҳрат дорад.
Ба ҷойи сифат: Меҳрдод ҷавони ҳунарманд аст. Пешаи рассомӣ, кандакорӣ, гулрезӣ обрӯйи ӯро дар байни ҳамсолонаш зиёд кардааст. Вай ин ҳунарҳоро дар омӯзишгоҳ ёд гирифтааст.
Ба ҷойи шумора: Нилуфару Хушранг ҳар рӯз пас аз дарс ду – се қуттӣ себ мечинанд. Хирадманд ҳам кӯшиш мекунад, ки ҳамин қадар себ чинад.