“Аз таги дори дорбоз гузаред, бедарду ранҷ мешавед” рост аст?

0

# Савол

Ақидае ҳаст, ки ҳар кас агар аз таги дори дорбоз гузарад, бедарду ранҷ мешавад ва корҳояш пеш меравад. Оё ягон ҳикмат дорад?

# Ҷавоб

Аз таги дори дорбоз гузашта шифо ёфтан ва ё пеш рафтани корҳо асоси шаръӣ надорад, балки ин як хурофот аст. Шифои зоҳирӣ ва ботинии инсон бо роҳи муолиҷаву дармон ва тавассути хондани оятҳои Қуръон ҳосил мешавад. Пеш рафтани корҳо бошад, ба воситаи меҳнати содиқона ва хайру баракат хостан аз даргоҳи Худованд ба даст меояд.

Шӯрои уламо (1130)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст