# Савол
Ҷайния / чайния чист? Дини Чайния чист ва асосгузори ин дин ки аст? Бо забони тоҷикӣ / точики.
# Ҷавоб
Ҷайния таълимоти динию фалсафиест, ки дар асрҳои VI-V пеш аз милод зуҳур карда, бо мурури замон ба яке аз динҳои Ҳиндустони қадим табдил ёфт. Асосгузори он Вардҳамана ба шумор меравад, ки бо лақаби Маҳавира («Қаҳрамони бузург») ва Ҷина («Ғолиб») маъруф буд.
