#Савол
Дар шаби якум яъне шаби аввалии туй домод бояд кадом дуоро бихонад?
#Ҷавоб
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар шаби зифоф хуб аст, ки домод даст ба пешонии арўсаш гузошта, ин дуоро бихонад: “Худоё! Ман аз Ту хайри ў ва хулқу хўи некашро дархост мекунам ва аз бадии ў ва бадии хулқу хўйаш ба Ту паноҳ мебарам”. (Ҷавоб аз Шӯрои уламо – 2324)