#Савол
Исми моддӣ чист? Исми маънӣ чист? (Исми модди/маъни. Грамматикаи забони точики / тоҷикӣ)
#Ҷавоб
Исмҳо, ки номи ашёҳои ҷисмдорро ифода мекунанд, исмҳои моддӣ ном доранд: гандум, гул, қанд, шир, санг, об, тилло, орд, китоб, омӯзгор, деҳқон.
Исмҳои маънӣ мафҳуму маъхниҳои сифату хислат, амалу ҳолатро ифода мекунанд: зиндагӣ, хубӣ, далерӣ, бахт, ғаму ғусса, орзу, осоиш, хоҳиш, адлу инсоф, ироада.
