Таблиғ барои пешрафти сомона
#Савол
Оё инсон вақти ҷон додан рӯҳашро мебинад ки чи гуна мебарояд? Оё инсон вақти ҷон додан баромадани руҳашро мебинад?
#Ҷавоб
Имом Ибни Усаймин (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд:
Инсон тамоми он чиро ки вақти ҷон додан бар вай мегузарад мебинад. Бо ҳамин сабаб баъди оне ки руҳ аз танаш мебарояд, чашмонаш кушода мемонанд. Инсон руҳашро мебинад ки баромад. Вақте руҳ баромад онро дар кафане печонда назди Аллоҳ таъоло мебаранд.
Бухорӣ ва Муслим ҳадисро ривоят кардаанд.
Ҷавоб аз Шӯрои уламо