# Савол
Даюс чигуна шахсро мегӯянд, тавбаи даюс қабул мешавад ё на? Даюс кист?
# Ҷавоб
Даюс шахсеро мегӯянд, ки аҳли оилааш, яъне зану духтар ва дигар маҳрамонашро мебинад, ки ҳудуди шариатро риоя намекунанд, вале ба ин парвое надорад. Дар хабарҳо омадааст, ки даюс дар рӯзи қиёмат ҳамроҳи шайтон дар дӯзах якҷо мебошанд. Агар даюс сидқан тавба кунад, умед аст, ки тавбааш пазируфта шавад, зеро Худованд ғайр аз ширк ҳама гуноҳро меомурзад.
Шӯрои уламо (911)
