ВАСФИ РАСУЛИ Акрам ҳазрати Муҳаммад ﷺ (Мухаммаси зебое дар васфи Паёмбари Акрам (ﷺ))
Эй, ки номат нақш бар Арши барин,
В-эй ҳабиби он Худои нозанин.
Хотами пайғамбаронию нигин,
Ё Расулаллаҳ, Сайидалмурсалин,
Ё Муҳаммад, ﷺ Раҳматуллилъоламин
Оламе дар зикр субҳу шом шуд,
Ҳастият пайдоиши Ислом шуд.
Номи покат манбаи илҳом шуд,
Ё Расулаллаҳ, Сайидалмурсалин,
Ё Муҳаммад,ﷺ Раҳматуллилъоламин
Бар башар орандаи Қуръон туӣ,
Соҳиби ҳам Нуру ҳам Имон туӣ.
Ҳадяе аз раҳмати Раҳмон туӣ,
Ё Расулаллаҳ, Сайидалмурсалин,
Ё Муҳаммад,ﷺ Раҳматуллилъоламин
Ҷабраил овардаат пайғоми Ҳақ,
Аввалин сура зи Қуръон, ал-Алақ.
Хулқи некат ҷумла мардумро сабақ,
Ё Расулаллаҳ, Сайидалмурсалин,
Ё Муҳаммад,ﷺ Раҳматуллилъоламин
Чор ёри рошидин ёри ту шуд,
“Умматӣ” пайваста гуфтори ту шуд.
Ин ҷаҳон ҳайрони рафтори ту шуд,
Ё Расулаллаҳ, Сайидалмурсалин,
Ё Муҳаммад,ﷺ Раҳматуллилъоламин.
Чун сифоти покат орам дар қалам,
Ин қалам гирён шавад дар ҳар қадам.
Сад дуруд, ай соҳиби лутфу карам,
Ё Расулаллаҳ, Сайидалмурсалин,
Ё Муҳаммад,ﷺ Раҳматуллилъоламин.
Дар ду олам ёвару ёрам туӣ,
Рӯзи маҳшар ҳам мададгорам туӣ.
Шофеи ин қалби беморам туӣ,
Ё Расулаллаҳ,Сайидалмурсалин,
Ё Муҳаммад, ﷺ Раҳматуллилъоламин.
Кошифон дар ҳар замон дар кашфи ту,
Як ҷаҳон маънӣ ҳадису ҳарфи ту.
Мекунад Мирзоҳусайнат васфи ту,
Ё Расулаллаҳ, Сайидалмурсалин,
Ё Муҳаммад, ﷺ Раҳматуллилъоламин.
Мирзоҳусайни Бадалипур
ВАСФИ МУҲАММАД (С.А.В,)
Эй нағмасаро, зеби чаманзори Муҳаммад,
Хуш нағма саро шаҳду шакарбори Муҳаммад.
Шаҳду шакар аз лаъли гуҳарбор бирезад,
Нӯшам зи лаби лаъли гуҳарбори Муҳаммад.
Дил майли тараб дораду ин ҷои тараб нест,
З-ин ҷо бубарам хонаи Хаммори Муҳаммад.
Он ҷо на ғам асту ҳама ғарқоби латофат,
Мастона бубин уммати саршори Муҳаммад.
Ҷуз Холиқи олам ҳама нобуди адам буд,
Омад ба вуҷуд ин ҳама анвори Муҳаммад.
Ҳастии ду олам ба умеди карами Шоҳ,
Гаштанд ҳама,чокари дарбори Муҳаммад.
Рав, оби сафо нӯш кун, аз Кавсари ишқаш!
Хуштар набувад об, зи анҳори Муҳаммад.
Ман ташнаи дидораму он Ёр наёмад,
То об диҳад аз маи рухсори Муҳаммад.
Он сарву суман зеби гулистони ки бошад?,
Парвонаи он сарви сумансори Муҳаммад!
Нодида ҷамолаш, ки ҷигарпора шудам, чист?
Тадбир маро фурсати дидори Муҳаммад.
Зулфайни сиёҳаш ба Худо ҷон ба лаб овард,
Сад олами ҷон садқа ба ҳар тори Муҳаммад.
Мижгону ду абрӯи каҷаш тиру камон аст,
К-он ҳар ду бувад ҳофизи дурбори Муҳаммад.
Лутфе бинамо, то бубинам рӯи чу моҳаш,
Ҳарчанд манам осиву озори Муҳаммад.
Ноаҳл шудам, ваъдаву паймон шикаста,
Ногуфта шабу рӯз дуруд бори Муҳаммад
Бо бӯи шафоъат дари Ҷонон бикӯбам,
Шояд, ки назар созадам, он Ёри Муҳаммад.
Хуш гӯй ту, эй Шукрихудо, наъти ҷамолаш,
Девона сифат замзама, ашъори Муҳаммад!
Шукруллоҳ Сироҷ

