Исми ҷинс чист? Исми хос чист?

0

#Савол

Исми ҷинс чист? Исми хос чист? (Исми чинс/хос. Грамматикаи забони точики / тоҷикӣ)

#Ҷавоб

Исмҳои ҷинс номи ашёҳои ҳамҷинсро мефаҳмонанд. Масалан, номи гурӯҳи мардум: талаба, деҳқон, зан, мард, номи ҳайвоноту парандагон: асп, саг, мурғ, кабк; номи сукунат: деҳа, шаҳр, ноҳия, вилоят.

Исмҳои хос исмҳоеро меноманд, ки ба предметҳо барои фарқ кардан аз предметҳои ҳамҷинси худ дода шудаанд. Исмҳои хос номи одамон, ному насаб, лақаб, тахаллус, шаҳру маҳал, хайвонот, номҳои географӣ, сайёраҳо мебошанд. Мисол:  Анӯшервон, Раҳимова, Кӯлоб, Суғд, Рӯшон, Қорӣ Ишкамба, Сурхоб, «Физика», маҷаллаи «Чашма», Телевизиони «Баҳористон».

Муфассал

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
0 ҷавоб
Ҷавобҳои куҳна
Ҷавобҳои нав Ҷавобҳои машҳур