Агар имом дар вақти намоз хондан таҳораташ шиканад?

0

# Савол

Вақте имом намози қавмро мехонад ва дар ин ҳолат таҳораташ мешиканад, бо кадом равиш аз намоз хориҷ мешавад ва муқтадиро чигуна огоҳ мекунад, ки намози қавмро давом диҳад?

# Ҷавоб

Имом дар ҳолати шикастани таҳораташ бояд фавран яке аз муқтадиёнро, ки ба аҳкоми намоз огоҳии бештар дорад, ба ҷои худ гузошта, бо ангуштонаш бинияшро дошта барои анҷоми таҳорат хориҷ мешавад.

Агар дар қироат бошад, ба даҳон ва агар дар суҷуд бошад, ба пешонияш ишора мекунад. Барои тарки рукуъ дасташро болои зону, барои тарки саҷда дастро болои пешонӣ ва барои тарки қироат дастро боли даҳонаш мегузорад.

Агар ояти саҷдаро хонда бошад, бо ангушташ ба даҳону пешонияш ва агар саҳве карда бошад, ба дилаш ишора мекунад. Агар як ракъат гузорида бошад, бо як ангушт ва агар ду ракъат гузорида бошад, бо ду ангушташ ишора мекунад. (“ҷомеъур-румуз”, с. 141)

Шӯрои уламо (1954)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
0 ҷавоб
Ҷавобҳои куҳна
Ҷавобҳои нав Ҷавобҳои машҳур