# Савол
Намози ҷанозаро бо пойафзол хондан мумкин аст ё не? Намози чанозаро бо пойафзол хондан мумкин аст ё не?
# Ҷавоб
Мисли ҳамаи намозҳо дар намози ҷаноза пок будан аз ҳамаи ифлосиҳо (таҳорат аз наҷосат) шарт аст. Бинобар ин агар пойафзоли шахси дар намози ҷаноза истода аз ифлосӣ ва наҷосат пок бошад, хондани намоз бо пойафзолаш аз лиҳози динӣ, хусусан фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ мушкилие надорад.
Шӯрои уламо (559)
# Савол
Оё намози ҷанозаро бо пойафзол ё дар болои пойафзол истода хондан дуруст аст?
# Ҷавоб
Дар сурате ки пойафзолҳо пок бошанд, хондани намози ҷаноза дуруст аст ва агар пок набошанд, дар ҳарду сурат намоз дуруст намешавад. (“Баҳру-роиқ”, ҷ. 2, саҳ. 179, китоби “Ҷаноиз”)
Шӯрои уламо (315)
