Зане, ки аз шавҳараш ҷудо шудааст, нафақааш бар зиммаи кист?

0

# Савол

Оё зане, ки аз шавҳараш ҷудо шудааст, нафақааш бар зиммаи кист?

# Ҷавоб

Нафақаи ӯ бар зиммаи касоне мебошад, ки дар Қуръон баён шудааст. Худованд дар ояти 215-уми сураи “Бақара” мефармояд: “Аз ту суол мекунанд: «Чӣ (навъи харҷ кардан) харҷ кунанд?» Бигӯ: «Он чӣ аз мол харҷ мекунед, пас, бояд барои падару модар ва хешовандон ва ятимон ва дарвешон ва мусофирон бошад. Ва ба дурустӣ ки Худо ба он чи аз некӣ мекунед Доно аст. Тибқи таълимоти Ислом бенафақа гузоштани занон дуруст нест. Нафақаи духтарон то вақти издивоҷ бар зиммаи падар ва пас аз издивоҷ дар зиммаи шавҳар аст. Агар шавҳар надошта бошад, пас нафақаи ӯ дар зиммаи падар аст, агар падар надошт, дар зиммаи бародарон аст. Агар инҳо имконияти молӣ дошта бошанд, вале ӯро бе нафақа гузоранд, ҳама дар пеши Худованд гунаҳгор мешаванд.

Шӯрои уламо (2784)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)