# Савол
Хосиятҳои иттилоот кадомхоянд? Хосиятхои информатсия кадомхоянд?
# Ҷавоб
Иттилоот дорои хосиятҳои зерин мебошад: саҳеҳӣ, мукаммалӣ, муҳимӣ, рӯзмаррагӣ, возеҳӣ, аниқӣ, дастрасӣ, кӯтоҳӣ ва ғайра.
- Иттилоот саҳеҳ (мӯътамад) ҳисоб карда мешавад, агар вай вазъи аслро мутлақо дуруст тасвир намояд. Иттилооти носаҳеҳ боиси каҷфаҳмии рӯйдод ва қабули қарорҳои нодуруст мегардад.
- Иттилоот мукаммал (пурра) ҳисобида мешавад, агар вай барои фаҳмиши вазъи асл ва қабули қарори дахлдор кифоя бошад. Нопуррагии иттилоот монеаи қабули қарорҳо ва сабабгори роҳдиҳӣ ба хатоҳо мегардад.
- Муҳимии (арзандагии) иттилоот дар он зоҳир мегардад, ки бо ёрии он кадом масъалаҳо ҳал карда мешаванд.
- Иттилоот рӯзмарра (замонавӣ, актуалӣ) ҳисобида мешавад, агар вай дар шароити доимо тағйирёбанда воқеиятро дуруст инъикос намояд.
- Иттилоот возеҳ (фаҳмо, аён) ҳисобида мешавад, агар вай тарзе ифода шуда бошад, ки дастраси истифодабаранда бошад.
- Иттилоот аниқ ҳисобида мешавад, агар вай дараҷаи беҳтари наздикии вазъи аслии объект, раванд ё рӯйдодро инъикос намояд.