Бо телефоне, ки дар дохилаш Қуръон дорад, ҳоҷатхона даромадан

0

# Савол

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои муҳтарам, дар телефонҳои мобилӣ китоби Қуръон аст, оё телефонро ҳамроҳи худ ба ҳоҷатхона даровардан ё бе таҳорат аз китоб истифода бурдан гуноҳ аст?

# Ҷавоб

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Бародари азиз, бо телефони мобилӣ, ки дар дохилаш нусхаи электронии Қуръон вуҷуд дорад, ҳоҷатхона даромадан ҷоиз аст. Бе таҳорат хондани нусхаи электронии Қуръони карим ҷоиз аст ва гуноҳе надорад.

Албатта беҳтар ва хубтар ин аст, ки шумо нусхаи электронии Қуръонро дар ҳолати ботаҳорат будан варақ гардонед ва бихонед.

(“Масоили фиқҳии муосир”, с. 37)
Шӯрои уламо (1138)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст