Хаб чист? (таҷҳизоти технологияи иттилоотӣ)

0

# Савол

Дар компютер яке аз таҷҳизотҳои иловагиро хап ё хаб (hub) мегуянд ин чист?

Хаб чист? (таҷҳизоти технологияи иттилоотӣ)

Аз Умед

# Ҷавоб

Сохтани шабакаи маҳаллӣ (локалӣ) байни компютерҳо ва серверҳои корхона таҷҳизоти махсусро талаб мекунад. Яке аз чунин дастгоҳҳое, ки барои ташкили шабака истифода мешаванд, хаб (hub) аст.

Тарҷума аз забони англисӣ, hub маънои марказ, чангак ё гиреҳро дорад. Номи дигари ин дастгоҳ маркази шабакавӣ (сетевой концентратор) мебошад. Он барои муттаҳид кардани компютерҳо ва серверҳои корхона дар як шабакаи ягонаи маҳаллӣ хизмат мекунад. Ғайр аз он, шумораи дастгоҳҳои ба шабака пайвастшуда мустақиман аз шумораи портҳо/пайвасткунакҳои хаб вобаста аст.

 

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст