Таблиғ барои пешрафти сомона
#Савол
Хосиятхои алгоритм кадомхоянд? Алгоритм дорои кадом хосиятҳо мебошад?
#Ҷавоб
Хосиятҳои алгоритм инҳо мебошанд:
1.Дискретӣ – тақсимкунии алгоритм ба марҳалаҳои (қадамҳои) алоҳидаи охирнок.
2.Аниқӣ – аз рӯи тартиби муайян ва мушаххас иҷро гаштани қадамҳо.
3.Детерминантӣ(муайянӣ) – фаҳмо ва қобили қабул будани ҳар як қадам барои иҷрочӣ.
4.Натиҷанокӣ – пас аз иҷрои ҳамаи қадамҳо ҳатман соҳиби натиҷаи зарурӣ шудан.
5.Оммавӣ – истифодаи алгоритм барои ҳалли синфи масъалаҳои навъи якхела.