# Савол
Вақти субъективӣ чист? Бо забони тоҷикӣ / точики. Вакти субъективи чист аз фанни фалсафа.
# Ҷавоб
Вақти субъективӣ – ин дарозии ченакикунонидашудаи аз вақти объективӣ сифатан фарқкунанда мебошад, ки дар шуури мо дар асоси ҳаҷми иттилооти хотираи психологиамон силсилаи ҳодисоту ҳолатҳои баргузоршуда, мавҷуда ва эҳтимолиро инъикос менамояд.
Вай тобиши рӯҳиявӣ (психологӣ) дошта аз шиддати ҳиссиёти ботинӣ, таҷрибаи рӯҳ, хотира, тасаввурот ва ғайрати инсон вобаста мебошад. Бинобар ин, дар бораи вақти психологӣ гуфтан ҷоиз аст. Вақти психологӣ манзараи иттилоотиро таҷдид намуда, на танҳо ба мавҷудияти физикии гузаштаю ҳозираи ҳодисоту равандҳо, ҳамчунин ба аҳамиятнокии онҳо барои инсон ишорат менамояд.
