# Савол
Хоқонии Шарвонӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Кадом сол вафот кардааст? Намунаи ашъори Хоқонӣ.
Хоконии Шарвони кай ва дар кучо таваллуд шудааст? Кадом сол вафот кардааст? Намунаи ашъори Хокони.
# Ҷавоб
Хоқонӣ яке аз шоирони ҳунарманди ҳавзаи адабии моварои Қафқоз (Табрез, Мароға, Ганҷа ва ғ.) буда, тахминан дар соли 1126 дар Шарвон таваллуд шуда, дар соли 1198 дар Табрез аз олам гузаштааст.
# Намунаи ашъор
То ҷаҳон аст, аз ҷаҳон аҳли вафое барнахост,
Некаҳде барнаёмад, ошное барнахост.
Гӯйӣ андар кишвари мо барнамехезад вафо,
Ё худ андар ҳафт кишвар ҳеч ҷойе барнахост.
Хун ба хун мешӯй, к-аз роҳат нишоне монда нест,
Худ ба худ месоз, к-аз ҳамдам вафое барнахост.
Аз мизоҷи аҳли олам мардумӣ кам ҷӯй, аз он-к
Ҳаргиз аз кошонаи каргас ҳумое барнахост.
Боварам кун, к-аз нахустин тухми Одам то кунун
Аз замини мардумӣ мардумгиёе барнахост…
Аз касу нокас бибур Хоқониосо, к-аз ҷаҳон
Ҳеч соҳибдардро соҳибдавое барнахост.
