Муякреша чист?

0

# Савол

Муякреша чист?

# Ҷавоб

Рустанӣ об ва моддаҳои маъданиро аз хок ба туфайли мӯякрешаҳояш меҷаббад. Дар хок об дар шакли холис вуҷуд надорад.

Мӯякрешаҳо пардаи тунуки луобӣ ва вакуолаи калони марказӣ доранд. Дарозии мӯякрешаҳо аз 0,1 то 1,5 мм мерасад. Дар баъзе рустаниҳо, масалан, гандум мӯякрешаҳо то 8-9 мм дарозӣ дорад. Миқдори мӯякрешаҳо дар рустаниҳо ниҳоят зиёд аст. Масалан, дар 1 мм2 сатҳи ҷаббандаи решаи гандум аз 50 то 100 адад мӯякрешаҳо вомехӯранд.

Муфассал

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст