Шабона нохун гирифтан, муи сар гирифтан хосияти бад дорад?

0

# Савол

Оё дар шаб нохун гирифтан, мӯи сар кӯтоҳ кардан ё тарошидан ягон хосияти бад дорад? Шабона нохун гирифтан, муи сар гирифтан хосияти бад дорад?

# Ҷавоб

Гирифтани нохун ва тарошидан ё кӯтоҳ кардани мӯи сар вақти муайян надорад, ҳама вақт, хоҳ шаб ва хоҳ рӯз дуруст аст ва ягон хосияти бад надорад.

Албатта ин амал дар рӯзи ҷумъа хуб аст, зеро ин рӯз рӯзи иҷтимоъ ва баргузор шудани намози ҷумъа мебошад ва риояи назофату покӣ амри матлуб ва писандида маҳсуб мешавад.

Шӯрои уламо (1474)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст