# Савол
Чистон чист?
# Ҷавоб
Чистон яке аз жанрҳои машҳур ва интишорёфтаи адабиёти даҳонакии халқ буда, аз ҷиҳати пайдоишу мавқеъ, мазмуну мундариҷа ва аз лиҳози забону хусусиятҳои рангоранги бадеӣ ҷолиби диққат мебошад.
Истилоҳи «чистон» аслан аз ибораи «чист он?» таркиб ёфта, дар ин шакли гуфтор фикр ва матлаби муайян пинҳон дошта мешавад. Чунончи:
«Он чист, ки меравад – меравад, ба қафояш нигоҳ намекунад?» (Дарё).
