Типи лундакирмхо. Типи лӯндакирмҳо чи гуна тип аст?

2

Аз: Мохрухсор
Номи савол: Типи лундакирмхо

# Савол

Типи лӯндакирмҳо чи гуна тип аст? Типи лундакирмхо бо забони тоҷикӣ / точики аз фанни зоология.

# Ҷавоб

Зиёда аз 100 ҳазор намуди лўндакирмҳо маълум аст, аз ҷумла дар Тоҷикистон 435 намуди онҳо  ба рўйхат гирифта шудааст. Танҳо дар паррандагон 160  намуди муфтхўри онҳо муайян карда шудааст. Лўндакирмҳо дар бофтаҳо ва узвҳои гуногуни ҳайвоноти ширхўр ва паррандагон, инчунин растаниҳои гуногуни хоҷагии кишоварзӣ муфтхўрӣ карда, касалиҳои гуногунро ба вуҷуд меоранд. Байни онҳо намудҳои озодҳаётгузаронанда низ ҳастанд, ки онҳо дар баҳру уқёнусҳо, обҳои ширин ва хок зиндагӣ мекунанд.

Аломатҳои хоси лӯндакирмҳо:

1. Тана ба ҳисса ҳо xудо нашудааст.

2. Дар лўндакирмҳо баръакси паҳнкирмҳо ковокии якумини  бадан – схизосел дида мешавад, яъне байни  узвҳои дарунӣ тарқиш (xои холӣ) дида мешавад. Схизосел дар натиҷаи вайроншавии паренхима, ки фосилаи байни девори бадан ва узвҳои дохили онро пур мекунад, пайдо шудааст.Схизосел ба ковокии якуми ҷанин – бластосел монанд аст. Пайдоиши схизосел дар эволютсияи ҳайвоноти бесутунмўҳра як ҳодисаи пешравӣ ба шумор меравад. Вазифаи асосии он нақлиётӣ мебошад. Ҳаракати моддаҳои ғизогӣ ва маҳсули мубодилаи модда, дар ковокии бадан нисбат ба паренхима тезтар ба амал меояд. Дар ковокии бадан гомеостази муҳити дохилии организм нигоҳ дошта
мешавад.

3. Системаи хунгард ва нафаскашӣ нест.

4. Системаи  ихроҷ – протонефридия ё шаклдигаркардаи ғадудҳои махсуси гиподерма мебошад.

5. Системаи мушаки лўндакирмҳо  танҳо аз мушакҳои дарозрeя иборат буда, мушакҳои ҳалқашакл  дида намешавад.

6. Дар системаи ҳозима  ба ғайр аз рўдаи пешу миёна рeдаи оқиб ва сeрохии маъқад  низ дида мешавад.

7. Дар лўндакирмҳо таркиби ҳуҷайраҳои бадан доимӣ аст, аз ҳамин сабаб, онҳо қобилияти аз нав эҳёшавӣ надоранд.

8. Аксарияти лӯндакирмҳо xудоҷинса буда,  аппарати xинсӣ нисбатан содда  мебошад.

Маълумоти муфассал >> Типи лундакирмҳо

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
2 ҷавоб
Ҷавобҳои куҳна
Ҷавобҳои нав Ҷавобҳои машҳур
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии
ДАВЛАТОВА
ДАВЛАТОВА
11 моҳ пеш

дар ин тип аввил бор деморфизми чинсиро фарк кардан мумкин буд .яъне фарк байни модинаю нарина.

халид
халид
10 моҳ пеш

дар инхо боз намояндаи зиндазой аст