# Савол
Анварии Абевардӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст? Намунаи ашъори Анварӣ.
Анварии Абеварди кай ва дар кучо таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст? Намунаи ашъори Анвари.
# Ҷавоб
Анварӣ тахаллуси шоирии ӯ буда, номаш Авҳадуддини Алӣ бинни Муҳаммад бинни Исҳоқ мебошад. Ӯ тахминан дар охирҳои асри XI дар деҳаи Баднаи Абевард таваллуд шудааст.
Анварӣ тахминан дар байни солҳои 1187 –1188 вафот кардааст.
# Намунаи ашъор
Хотире чун оташам ҳасту забоне ҳамчу об,
Фикрате тезу закое рому табъе бехалал.
Эй дареғо, нест мамдӯҳе сазовори мадеҳ
В-эй дареғо, нест маъшуқе сазовори ғазал.
Ошиқӣ чист? – Мубтало будан,
Бо ғаму меҳнат ошно будан.
Сипари ханҷари бало гаштан,
Ҳадафи новаки қазо будан.
Банди маъшуқ чун бибастат пой,
Аз ҳама бандҳо ҷудо будан,
Зери бори балои ӯ ҳама умр
Чун сари зулфи ӯ дуто будан.
Офтоби рухаш чу рух бинмуд,
Пеши ӯ зарраи ҳабо будан.
Бо ҳама меҳнате ризо додан
В-аз ҳама давлате ҷудо будан.
Гар лагадкӯби сад ҷафо бошӣ,
Ҳамчунон бар сари вафо будан.
Ишқ агар устухонат ос кунад,
Санги зерини осиё будан.
Ҳар балое, ки з-осмон ояд,
Гарчи бар дигаре қазо бошад,
Ба замин норасида мегӯяд:
«Хонаи Анварӣ куҷо бошад?»