Аминҷон Шукӯҳӣ (Ҳоҷибоев) кай ва дар куҷо таваллуд шудааст?

0

# Савол

Аминҷон Шукӯҳӣ (Ҳоҷибоев) кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст? Намунаи ашъори Аминҷон Шукӯҳӣ (Ҳоҷибоев).

Аминчон Шукухи (Хочибоев) кай ва дар кучо таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст?Намунаи ашъори Аминчон Шукухи (Хочибоев).

# Ҷавоб

Аминҷон Шукӯҳӣ (Ҳоҷибоев) 10-уми июни соли 1923 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Аминҷон Шукӯҳӣ 17 майи соли 1979 аз олам гузаштааст.

# Намунаи ашъор

Мо мардуми ин кишвари дар авҷу барорем,
Як зарра ҳам аз душмани худ тарс надорем,
Лекин ҳама чун як дилу ҷон сулҳшиорем,
Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем.

Моро Ватану модару ҷонона азиз аст,
Меҳри дилу ободии ҳар хона азиз аст,
Осудагию кори далерона азиз аст,
Ҳар як қадами худ ба ҳамин азм гузорем.  >>

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)