Вазифаи илми хукукшиноси

0

#Савол

Вазифаи илми хукукшиноси кадомхоянд? Вазифахои илми ҳуқуқшиноси

Аз Содиқи Сафаралӣ

#Ҷавоб

Доир ба суоли шумо якчанд ҷавобҳо дарёфт намудем:


Вазифаҳои омӯзиши фанни ҳуқуқ:

Додани донишҳои асосии ҳуқуқӣ, шинос намудан бо масъалаҳои воқеияти ҳуқуқӣ, баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ, ҳамчунин ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандории донишҷӯён.


Вазифаи асосии низоми илмҳои ҳуқуқшиносӣ тадқиқи давлат ва ҳуқуқ дар маҷмӯъ мебошад.


Вазифаҳои омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон инҳо мебошанд: баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии донишҷӯён дар соҳаи ҳуқуқи инсон; тарбияи ҳисси эҳтиром ба инсон, ҳуқуқҳои ӯ ва қадру қиммати он; тайёр намудани заминаҳои амалигадонии ҳуқуқу озодиҳои эътирофшудаи конститутсионӣ ва байналхалқӣ; расонидани ёрии касбии педагогӣ ба шаҳрвандон ҳангоми гирифтани донишҳо оиди ҳуқуқи инсон; коркарди малакаҳои мустақилонаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ аз тамоми бесарусомониҳо, мусоидат намудан дар гирифтани боварӣ дар рафти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ дар баҳсҳо бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони сеюм.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
0 ҷавоб
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии