Дар намози ҷамоат бояд чанд нафар бошад?

0

# Савол

Дар бораи аз чанд нафар иборат будани ҷамоат маълумот медодед.

# Ҷавоб

Теъдоди афроди ҷамоат ғайр аз имом бояд се нафар бошад, вале баъзе аз уламо мегӯянд, ки ба ҷуз имом ду нафар ҳам ҷамоат ҳисоб мешавад.

Чунончи Имом Косонӣ дар китоби «Бадоеъус-саноеъ», ҷ. 1, 156 меорад: «Калимаи «ҷамоат» аз мафҳуми «иҷтимоъ» баргирифта шудааст ва камтарин ҳадди он ду нафар аст».

Ҳамчунин дар ҳадисе Расули Худо (с) фармудаанд: «Ду нафар ва бештар аз он ҷамоатанд». (Ривояти Ибни Моҷа).

Шӯрои уламо (564)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст