#Савол
Вазифаҳои ҳокимият кадомҳоянд? Хокимият дорои кадом вазифахо мебошад?
#Ҷавоб
Ҳокимияти сиёсӣ дар ҳар як ҷомеа як қатор вазифаҳои ҷамъиятиро иҷро менамояд, ки онҳоро ба таври зайл муайян намудан мумкин аст:
- нигоҳ доштани устуворӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ;
- ҳаллу фасл ва пешгирӣ намудани низоъ;
- ташаккули ризоияти шаҳрвандӣ (консенсус);
- маҷбурнамоӣ ба хотири дар амал татбиқ намудани мақсадҳои муҳимми иҷтимоӣ ва нигоҳ доштани устувории ҷомеа;
- идораи корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ.