Намози тасбеҳ чи тавр хонда мешавад? Намози тасбех

0

# Савол

Оиди чигуна гузоридани намози тасбеҳ маълумот медодед. Аз чанд ракъат иборат аст ва кадом вақт хонда мешавад?

Намози тасбеҳ чи тавр хонда мешавад? Намози тасбех.

# Ҷавоб

Намози тасбеҳ чаҳор ракъат буда, дар он 300 бор ин тасбеҳ хонда мешавад:

«Субҳоналлоҳи вал-ҳамду лиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-ъалиййил-ъазим».

Тасбеҳи мазкур дар дохили намоз чунин хонда мешавад:

15 бор баъд аз сано (пеш аз «Фотиҳа»).

10 бор баъд аз замми сура.

10 бор дар рукуъ.

10 бор вақти рост шудан аз рукуъ (дар қавма).

10 бор дар саҷдаи аввал.

10 бор дар байни ду саҷда (дар ҷалса).

10 бор дар саҷдаи дувум.

Ин тасбеҳот дар ракъати аввал 75 бор ва дар ракъати дувум низ 75 бор бо ҳамин тартиб хонда мешавад. Ракъатҳои севум ва чаҳорум низ чунин аст. Фазилат ва савоби ин намоз бағоят бузург аст. Гузоридани намози тасбеҳ дар ҳама вақт, ба ҷуз вақтҳои макрӯҳ ва мамнуъ дуруст аст.

Расули Худо (с) ба амаки худ Аббос (р) фармуданд: “Агар битавонӣ, ҳар рӯз бихон ва агар вақт надоштӣ, ҳафтае як бор, агар ин ҳам муяссар нашуд, моҳе як бор ва агар дар моҳ муяссар нашуд, дар умр як бор бихон, Худованди Мутаъол тамоми гуноҳонатро мебахшад”.

(Ривояти Абӯдовуд ва Тирмизӣ; «Раддул-муҳтор», 2, с. 28-29).

Шӯрои уламо (1085)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст