Вазифахои асосии макомоти андоз кадомхоянд?

0

# Савол

Вазифаҳои асосии мақомоти андоз кадомҳоянд? Вазифахои асосии макомоти андоз кадомхоянд?

# Ҷавоб 

Вазифаҳои асосии мақомоти андоз аз инҳо иборатанд:

1) таъмини иҷро ва риоя намудани қонунгузории андоз, таҳияи механизмҳои маъмурияти андоз бо мақсади таъмини воридоти саривақтӣ ва пурраи андозҳо ба буҷетҳои тамоми сатҳҳо;

2) иштирок дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои андозбандӣ, аз ҷумла шартномаҳо бо дигар давлатҳо;

3) ба андозсупорандагон тавзеҳ додани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшон;

4) сари вақт огоҳ намудани андозсупорандагон оид ба тағйирот дар қонунгузории андоз.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст