Эътикоф чист? Шартҳои эътикоф кадомҳоянд?

0

# Савол

Эътикоф чист? Шартҳои эътикоф кадомҳоянд?

# Ҷавоб

Эътикоф дар ҳар вақте, ки рӯза гирифтан дар он ҷоиз бошад, раво аст. Вале беҳтарин вақт барои он моҳи мубораки Рамазон, махсусан даҳ рӯзи охири ин моҳ аст, ки дар он эътикоф суннати муаккада мебошад, зеро Расули Худо (с) бар он мудовамат доштанд.

Шахси эътикофнишин дар аснои эътикоф ба тиловати Қуръони карим, зикр, дуруду салавот ба Паёмбари гиромӣ (с) машғул шуда, фақат сухани нек ба забон меорад. Баромадани муътакиф аз масҷид барои таҳорату ғусл равост. Агар касе дар масҷиди панҷвақта эътикоф нишаста бошад, барои хондани намози ҷумъа ба масҷиди ҷомеъ рафта, баъд аз адои ҷумъа зуд бармегардад. Бидуни узр аз масҷид берун баромадан эътикофро фосид месозад. Ҳамчунин бӯса намудани ҳамсар ва ҳамхоба шудан бо ӯ дар ҳолати эътикоф ҷоиз нест. Агар аз як маҳалла ё деҳа як нафар эътикоф нишинад, аз зиммаи дигар сокинон эътикоф соқит мешавад. Барои муътакиф хобидан дар масҷид равост.

Шӯрои уламо (2549)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)