Агар мусулмон дар сохтмони калисо кор кунад, ҷоиз аст?

0

# Савол

Агар мусулмонон дар сохтмони калисо иштирок кунанд, мумкин аст?

# Ҷавоб

Кор кардан дар сохтмони ибодатгоҳи яҳудиён ё насрониён ва музд гирифтан аз онҳо ҳеҷ боке надорад, чунонки дар китобҳои фиқҳи ҳанафӣ зикр шудааст.

Аз ҷумла, дар китоби “Фатовои Қозихон” оид ба ин масъала чунин овардааст: “Агар ба ивази музд ибодатгоҳе ё калисое барои яҳудиён ва насрониён бино кунад, он музд барояш пок аст”. (“Фатовои Қозихон”, ҷ. 3, с. 18, китоби иҷора)

Шӯрои уламо (1928)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)