Таваккал кардан ба Худо чист?

0

# Савол

Маънои таваккул кардан ба Худоро пурратар мефаҳмондед. Таваккул / таваккал кардан дар Ислом чист?

# Ҷавоб

Таваккул ба Худо ин аст, ки инсон дар тамоми ҳолати зиндагияш ҳамаи умури худро ба Худованд супорида, бо тамоми тавон барои амал кардан саъйу талош намояд. Фазилати таваккул бисёр бузург аст ва дар чандин ҷои Қуръон Худованд ин сифатро васф кардааст.

Расули Худо (с) низ фармудаанд: «Агар чунончи ҳаққи таваккул аст, шумо бар Худойи таъоло таваккул мекардед, рӯзии шумо ба шумо расонидӣ, чунонки ба мурғон мерасонад, ки ҳар бомдод аз ошёна бо шикамҳои тиҳӣ ва гурусна парвоз кунанд ва шабонгоҳ бо шиками сер бозгарданд». (Ривояти Тирмизӣ).

Шӯрои уламо (563)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст