Ихвон-ус-сафо чист?

0

# Савол

Ихвон-ус-сафо чист?

# Ҷавоб

Дар адаи чаҳоруми ҳиҷрии қамарӣ гурӯҳе аз донишмандони мусулмон, махсусан дар Эрон ва Ироқ анҷумане таъсис доданд, ки бо номи Ихвон-ус-сафо (Бародарони пок) машҳур шудааст. Намояндагони асосии ин ташкилот Абӯсулаймон Муҳаммад ибни Маъшар Басатӣ ал-Муқаддасӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Ҳоруни Зинҷонӣ, Абӯҳамиди Мӯҳрҷонӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Ромис Авфӣ, Зайнуддини Рифоа будаанд.

Усули фалсафаи Ихвон-ус-сафо чунин аст: Ҷаҳон, дар назари онҳо ҳақиқати воҳид аст, ки табақоту қисматҳои мухталифи он дар натиҷаи иштибоҳе, ки байни онҳо вуҷуд дорад, ба ҳам пайваста аст. Ба қавли ихвон, «чунон ки як шаҳр як, ҳайвон ё як инсон воҳид аст, олам низ воҳид аст».

Муфассал

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)