Оё хун додан (донор будан) мумкин аст?

0

# Савол

Оё хун додан (донор будан) мумкин аст? Ман чанд сол боз донор будам. Чанд рӯз пеш ҷиянам ба ман гуфт, ки дигар хун насупоред, ки гуноҳ будааст, узви баданро фурӯхтан гуноҳ аст. Оё ин дуруст аст?

Ба ивази хуни супоридаам ба ман 100 сомонӣ медиҳанд. Мехоҳам бифаҳмам, ки агар гуноҳ бошад, дигар насупорам. Қаблан аз Шумо миннатдорам.

# Ҷавоб

Дар ҳолати зарурат хун додан барои беморон ҷоиз аст, вале фурӯхтан ё нарх гузоштани он манъ аст.

Шӯрои уламо (1897)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст