Ба мазори ҳазрати Султон буз ё гусфанд бурда қурбонӣ мекунанд …

0

# Савол

Бисёре аз мардум ҳастанд, ки ба зиёрати мазор мераванду ҳамроҳи худ буз ё гӯсфанд мебаранд, то ин ки дар он ҷо ба номи соҳиби он мазор, масалан мазори ҳазрати Султон ё Имом Ҷаъфари Содиқ забҳ кунанд. Оё гӯшти он ҳалол аст ё на? Муфассалтар фаҳмонед, ки дар миёни мардуми мо тоҷикон ин одат хеле зиёд аст.

# Ҷавоб

Ҳар ҳайвоне, ки забҳ карда мешавад, бояд ба номи Худо забҳ шавад, аз ин рӯ, гӯшти чорвое, ки ба мазор бурда, ба номи Худо забҳ мешавад, ҳалол аст. Вале хуб нест, ки чорворо ба мазор баранд, балки онро дар хона забҳ кунанд ва аз гӯшташ тановул ва садақа намуда, оёте чанд аз Қуръон тиловат кунанд, сипас савоби ин садақот ва оётро ба ҳаққи ҳар касе, ки мехоҳанд, бубахшанд, зеро аз дидгоҳи уламои аҳли суннат ва ҷамоат савоби ибодатро ба ҳар касе бубахшанд, дуруст аст.

Шӯрои уламо (643)


Чуноне Шӯрои уламо қайд карданд, ҳар ҳайвоне, ки ба номи Худо забҳ шавад, ҳалол аст. Пас агар ба номи соҳиби он мазор забҳ кунанд, он гушт ҳаром аст.

Мудирият

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст