Ҳилаи исқот ё давраи маййит чист?

0

# Савол

Лутфан ҳукми давраеро, ки аз тарафи маййит адо карда мешавад, бо тафсил ва зикри далелҳо баён доред.

Ҳилаи исқот ё давраи маййит чист? Хилаи искот ё давраи маййит чист?

# Ҷавоб

Ҳилаи исқот ё давраро иддае аз фуқаҳои киром барои чунон шахсе ҷоиз қарор додаанд, ки фароизе аз қабили намоз, рӯза ва ғайра аз ӯ фавт шуда ва дар ҳаёти худ бо вуҷуди доштани тавоноӣ фурсате барои қазо доштани онҳо ба даст наёвардааст, пас ҳангоми марг васият намуда бошад ва моли матрукаи ӯ ба қадре набошад, ки аз сеяки он фидяи намозу рӯзаҳои фавтшуда ва ғайра адо карда шавад.

Ин амал аз нигоҳи шариат ҷоиз буда фуқаҳо онро аз қиссаи Айюб (а) баргирифтаанд. Албатта барои машруъияти давра чанд шароит дар назар гирифта шудааст ва риъояти он бисёр зарурӣ мебошад, ҳамон тавре ки Ибни Обидин дар китобаш «Миннатул-л-ҷалил», с. 225 ба ин матлаб тасреҳ намудааст.

Дар китоби Ҷомеъу-р-румуз , с. 375 овардааст:

«Сурати фидя ин аст, ки аз умри мард 12 сол ва аз умри зан 9 сол бароварда мешавад, сипас агар се ҳиссаи мол барои фидя басанда бошад, фидяи боқии умрашро якбора ба як мискин медиҳад. Агар сеяки мол барои фидя басанда набошад, онро ба мискин мебахшад, мискин қабз мекунад, сипас ба диҳанда молро ҳиба мекунад (мебахшад), диҳанда молро қабз мекунад ва боз ба мискин медиҳад. Ин амалро то ба охир расидани ҳисоби умри маййит такрор мекунад. Агар маййит чизе надошта бошад, ворисаш қарз мекунад ва ба мискин медиҳад, дар ҳар бор мегӯяд, ки ман ин қадар молро ба ту дар бадали фидяи савму салот бахшидам, мискин қабз мекунад ва бозмегардонад».

Дар китобҳои фиқҳ ҳамчун «Радду-л-муҳтор», ҷ. 1, с. 541, «Нуру-л-изоҳ», с. 104 ва ғайра масъалаи мазкур ба сароҳат мавҷуд аст.

Равиши саҳеҳи давра ин аст, ки агар касе бимурд ва бар зиммаи ӯ чанд намоз монд, ки дар ҳаёти худ метавонист онро ҳатто ба сурати ишора ба ҷо биёрад, вале онро ба ҷо наовард, ин гуна шахс бояд дар ҳаёти худ васият кунад, ки фидяи намозҳои фавтшудаашро бидиҳанд. Агар васият кард, пас валӣ ё васии маййит аз сеяки тарика ба ивази ҳар намози фарз ё витр ва ё рӯза ним соъ (тақрибан 2 кг) гандум монанди садақаи фитр    бидиҳад. Лекин зиёда бар сеяк аз моли матрука барнагирад, гарчи маййит васият карда бошад, зеро ки васият дар зиёда аз сеяки мол раво нест, магар ки ворисон ба он иҷозат диҳанд.

Агар маййит аслан мол надорад ё мол дорад, вале миқдори сеяк барои адои дайнҳо кофӣ нест ё ин ки барои адои дайнҳо васият накарда бошад, дар ин сурат вориси маййит миқдори ним соъ ё бештар аз гандумро қарз гирифта ва таври эҳсон ва табарруъ онро ба фақире бидиҳад ва он фақир дубора ба ворис ҳиба кунад, боз ворис онро ба ҳамин фақир ё фақири дигар ҳиба кунад. Ин амал он қадар такрор шавад, ки фидяи намоз, рӯза, қасам, қурбонӣ ва ғайра адо шавад.

Қобили зикр аст, ки фарди мӯъмин набояд амали мазкурро як илоҷи саҳлу осон барои сабукдушӣ аз тамоми фароизу воҷибот бидонад, ки дар ивази чанд пулу дирам ҳосил мешавад ва худ тамоми умр дар фикри намозу рӯза набошад, балки саъй кунад, то дар зиндагии худ фароизу воҷиботро адо намояд ва баъд аз маргаш бори гарони ворисон нагардад.

Илова бар далелҳои дар боло зикршуда амали давра дар урфи мардуми кишвари мо роиҷ шудааст, бинобар ин атрофи ин мавзӯъ набояд ихтилоф ва низоъ кард, зеро ихтилофу низоъ перомуни як масъалаи ҷузъӣ боиси парокандагии ваҳдати ҷомеа мегардад.

Валлоҳу аъламу би-с-савоб.

Шӯрои уламо (296)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст