Оё шайтон ва ҷинҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд?

0

# Савол

Оё шайтон ва ҷинҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд? Агар фарқ кунад бо кадом хусусиятҳояш фарқ мекунад ?

Аз Аҳлиддин

# Ҷавоб

Ассалому алайкум. Бародари азиз, ҷинҳо мавҷудоте ҳастанд, ки аз оташ офарида шудаанд ва қудрати ба ҳар шакл тағйир додани худро доранд. Онҳо аз назари инсонҳо пўшидаанд, бинобар ин, бо номи ҷин номгузорӣ шудаанд. Баъзе ҷинҳо мусулмонанд ва баъзе дигар кофиранд. Шайтон низ аз ҷин аст ва он махлуқи нофармони саркаш буда, моломол аз шарорату макру найранг аст. Шайтон душмани инсон аст ва ҳадафаш аз роҳи ҳақ берун кардану гумроҳ намудани инсон аст.

Шӯрои уламо (2681)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст