Тазмин чист? Тазмин дар адабиёт / санъати бадеӣ

0

# Савол

Тазмин чист? Тазмин дар адабиёт / санъати бадеӣ

# Ҷавоб

Тазмин дар луғат чизе дар миёни чизе ниҳодан аст.

Дар истилоҳ чунон бошад, ки шоир мисрае ё камтар аз мисрае ё байте ё ду байт ё зиёда аз ду байти шеъри шоири дигареро дар миёни шеъри худ ба ҷойи лоиқи нек ва маҳалли мувофиқ ва сахт муносиб ба таври тамсил ва орият, на ба ваҷҳи сирқа (дуздӣ) ба кор барад.

Ин мисраъ ё байти тазмин бояд, ки машҳур бошад ва ё ишорате ба он бувад, то шунавандаро туҳмат ва шубҳа ба сирқа наафтад. Агар шоири тазминкунанда дар аввал ба таври равшан ишора ба он кунад, ки чизе аз фалонӣ шоир тазмин мекунам ё аз гуфтаи худ, писандидатар аст. Чунонки Ҳофизи Шерозӣ ошкоро гуфтааст, ки ба шеъри Камолиддини Исмоил тазмин кардааст:

Гар боварат намешавад аз банда ин сухан,
Аз гуфтаи Камол далеле биёварам:
“Гар барканам дил аз туву бардорам аз ту меҳр,
Он меҳр бар кӣ афканам, он дил куҷо барам?”

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)