Дар сафар намозро қаср хондан беҳтар аст ё бо ҷамоат?

0

# Савол

Ҳангоми дар сафар будан намозро қаср хондан беҳтар аст ё бо ҷамоат?

# Ҷавоб

Агар мусофир ҷамоатро дарёфт кунад, аз ин ки намозашро танҳо мегузорад, бо ҷамоат хонданаш афзал аст ва фазилати зиёд дорад. Чунончи дар ҳадис омадааст: “Намози ҷамоат бисту ҳафт дараҷа бештар аз намози танҳогузор фазлу савоб дорад”. (Муттафақун алайҳ). Дар сурати иқтидо кардани мусофир ба имоми муқим 4 ракъат гузоридани намоз бар мусофир фарз мегардад ва бояд намозро бо имом пурра ба ҷо оварад.

Шӯрои уламо (137)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)