Ман 100 доллар қарз гирифтам, қурбаш 950с. буд, ҳозир 1190с. аст

0

# Савол

Ман ба маблағи 100 доллар қарз гирифтам, ки қурбаш 950 сомонӣ буд. Ҳоло қурби он 1190 сомониро ташкил медиҳад. Қарзамро бо кадом қурб баргардонам?

# Ҷавоб

Қарзе, ки шумо гирифтед, бо асъори доллар аст, алҳол бошад, доллар дар муомилот ривоҷ дорад, аз ин рӯ, қарзи гирифтаатонро бо доллар бозпас гардонед, қимати боло рафтани он бо пули сомонӣ эътибор надорад.

Шӯрои уламо (981)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст